Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ дар самти сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва ба одати маъмулии ҷомеа табдил додани он, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ бо ҷалби коршиносон барои донишҷӯёни Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ва Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Кӯлоб семинарҳои омӯзишӣ таҳти унвони «Истифодаи оқилонаи энергия – қадами нахуст барои ояндаи устувор. Таҳаввулотро аз худ бояд оғоз кард!» доир намуд.
Нахуст, семинари мазкур барои донишҷӯёни Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе (31-уми октябр) баргузор гардид.
Дар он Сайёд Шарифов ва Хуршеда Сафарова, кормандони Вазорати энергетика ва зихираҳои об, Мансур Қудусов, муовини директори ҶСК «Системаавтоматик», дар мавзуи «Асосҳои техникию иқтисодии неругоҳҳои электрикии офтобии бомҳо дар Тоҷикистон», Давлатов Давлатманд, омӯзгори калони кафедраи энергетика ва нақлиёти автомобилии Коллеҷ, дар мавзуи «Сарфаҷӯии энергия», барои иштирокдорон рӯнамоҳо пешниҳод намуданд.
Дар баробари муҳокимаи мавзуъҳо, инчунин, ба иштирокчиён ҷиҳати бурдани корҳои тарғиботӣ дар байни оила ва сокинони маҳалла оид ба истифодаи оқилонаи неруи барқ маводҳо таълимӣ ва методӣ дода шуд.
Дар Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Кӯлоб бошад, семинари омӯзишӣ 7-уми ноябр доир гардид.
Дар оғози чорабинӣ Комрон Зайнудинов, директори литсей, оид ба истифодаи оқилонаи энергия, маърифати истифодаи энергия ва нақши соҳаи энергитика дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронд.
Тибқи барнома, Сайёд Шарифов дар мавзуи «Ҳолат ва дурнамои энергияи барқароршаванда дар Тоҷикистон. Таҷрибаи Ҷопон дар самти сарфаҷӯии энергия», Хуршеда Сафарова дар мавзуи «Истифодаи оқилонаи энергия. Таҳаввулотро аз худ бояд оғоз кард!» ва Муҳаммадҷони Абдувалӣ, устои таълими истеҳсолии литсей дар мавзуи «Сарфаҷӯии неруи барқ» баромад намуданд.
Зикр гардид, ки дар кишварҳои мутараққии ҷаҳон, аз қабили Ҷопон сарфаи энергия ва истифодаи оқилонаи он ба сатҳи идеяи миллӣ бароварда шудааст. Аз ин ҷост, ки сарфаҷӯии энергия ба як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти ҷомеаи мутамаддин табдил ёфтааст.
Дар доираи семинарҳои омӯзишӣ ба муассисаҳои таълимии мазкур ҷиҳати анҷом додани корҳои амалӣ таҷҳизотҳои барқии офтобӣ, ба монанди лампаҳои офтобӣ барои роҳравҳо тақдим карда шуд.