11-УМИ НОЯБР – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Корманди Вазорати энергетика ва захираҳои об ин мавзуъро шарҳ дод

Имрӯз, 11 ноябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия эълон шудааст. Қарор дар бораи таъсиси ин сана моҳи апрели соли 2008 дар ҷаласаи байналмилалии ҳамоҳангсозони SPARE /Лоиҳаи омӯзишӣ оид ба истифодаи энергия ва ҳифзи муҳити зист барои мактаббачаҳо/ дар Қазоқистон қабул гардид. Аллакай моҳи ноябри соли 2008 дар ҷаҳон аввалин Рӯзи сарфаи энергия ҷашн гирифта шуд. Ин ҷашн мақоми байналмилалӣ гирифт, зеро тақрибан 20 кишвари ҷаҳон хоҳиши иштирок дар ин лоиҳаро намуданд. Имсол дар ҷумҳурии мо низ дар чаҳорчӯби Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия тадбирҳои гуногун доир мешаванд, ки дар онҳо хонандагон, муаллимон, намояндагони созмонҳои ҳифзи табиат, кормандони муассисаҳои давлатӣ ва мутахассисони пажуҳишгоҳҳои таҳқиқотию илмӣ иштирок мекунанд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сардори Раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Хайруллозода дар ин мавзуъ суҳбат намуд.
Қурбоналӣ Хайруллозода гуфт, ки дар шароити имрӯза дар Тоҷикистон дар ҳама ҳолат набояд неруи барқ ба таври ғайримақсаднок ва исрофкорона истифода шавад. Истифодаи самараноки неруи барқ дар ҳама зинаҳо- аз нуқтаи истеҳсол то нуқтаи охирини истифода муҳим буда, ба истифодаи самаранок ва сарфакоронаи он бояд диққати ҷиддӣ дод.
“Бо татбиқи усулҳои одии сарфаи энергия дар мавсими сармо ва гармо метавон хароҷот барои гарм ё хунук кардани хонаҳои истиқоматию утоқҳои корӣ ва хобгоҳҳоро хеле кам кард. Махсусан, дар фасли зимистон хароҷот барои гарм кардани биною иншоот, новобаста аз шакли фаъолият ва манзилҳои истиқоматию утоқҳои корӣ хеле зиёд мегардад”,- таъкид намуд ҳамсуҳбати мо.
Қурбоналӣ Хайруллозода афзуд, ки сарфаю сариштакорона истифода кардани энергия бо иродаи қавӣ дар амал татбиқ кардани якчанд тадбирро аз тарафи роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳо ва сардорону аъзои оилаҳо талаб менамояд.
“Агар ҳар шахс ё шаҳрванди Тоҷикистон дар самти сарфаю сариштакорона истифода намудани неруи барқ тасаввуроти кофӣ дошта бошад ва тибқи он амал намояд, вазъи молиявию иқтисодӣ ва ҳаёти иҷтимоияш хеле беҳтар гардида, захираҳои энергетикӣ низ дар мамлакат сарфа мешаванд»,- иброз дошт ӯ.
Дар сохтмони биноҳо, иншоот ва хонаҳо бояд талаботи муосири сохтмонӣ оид ба масъалаи сарфаи энергия пешбинӣ шавад, зеро биною иншоот ва хонаҳои бо назардошти сарфаи энергия сохташуда хароҷоти оилаҳоро аз 2 то 10 баробар кам менамоянд. Барои шаҳрвандон якчанд усули хеле сода ва самаранок мавҷуд аст, ки бо риояю амалинамоии онҳо бо хароҷоти камтарин метавон бо энергияи зарурии барқу гармӣ таъмин гардид.
Инчунин муҳим аст мардум бидонанд, ки истеҳсол, интиқол ва тақсимоти ҳар киловатт-соат энергияи барқи истифодакарда осон ба даст намеояд. Аз ин рӯ, аз мардум хоҳиш карда мешавад, ки ҳаҷми барқи истифодакарда ва маблағҳои барои он пардохтнамударо ба таври доимӣ таҳлил карда, бо ҳисоби миёна дар моҳҳо ва солҳо муайян намоянд, ки агар онро бо риояи роҳҳои сарфанамоӣ истифода баранд, ба буҷаи оила то кадом андоза манфиат ворид мешавад.
“Дар раванди истеҳсоли энергияи барқ маблағҳои ниҳоят зиёд масраф мешаванд ва дар ин соҳа шумораи зиёди кормандон фаъолият доранд. Дар айни замон дар миқёси ҷаҳон нархи барқ барои аҳолии Тоҷикистон ва дигар истифодабарандагон арзонтарин ба ҳисоб меравад”,- мегӯяд корманди Вазорати энергетика ва захираҳои оби мамлакат.
Солҳои охир аз ҳисоби пайвастшавиҳои нав, ба монанди биноҳои баландошёнаи истиқоматию корхонаҳои шакли фаъолияташон гуногун ва ғайра истифодаи энергияи барқ афзоиш меёбад. Аз ин ҳисоб ва исрофкорона истифода кардани барқ аз тарафи мардум, махсусан дар фасли зимистон дар низоми энергетикӣ серборӣ эҷод шуда, садамаҳои зиёд ба вуқуъ меоянд. «Ҳар садама дар низоми энергетикӣ муҳлати таҷҳизоти барқӣ ё муҳлати истифодаи онҳоро кӯтоҳ менамояд. То барқарор кардани садамаҳо истифодабарандагон дар мавсими сармо бе барқ монда, зарари назарраси иҷтимоӣ мебинанд. Инчунин барои ивазу барқарор кардани садамаҳо низоми энергетикӣ бояд маблағҳои зиёд хароҷот намояд»,- таъкид намуд ҳамсуҳбатамон.
Аз ин рӯ бояд шаҳрвандон дар барқтаъминкунии биною хона ноқилҳоро дуруст интихоб намоянд ва аз истифодаи ноқилҳои буриши кундалангиашон хурд даст кашанд. Дар ҳолати мавҷуд будани имконият аз ноқилҳои мисӣ истифода кардан муфидтар аст. Ба андешаи мутахассиси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ғайриқонунӣ ё бе иҷозат ва надоштани шартнома истифода кардани энергияи барқ мумкин нест. Берун аз ҳисобгираки барқӣ низ истифода кардани барқ қатъиян манъ мебошад. Шаҳрвандон ин гуфтаҳоро бояд риоя намоянд ва ба дигарон низ фаҳмонанд. Агар аз тарафи ягон ҳамсоя ё нафарони дигар ҳолатҳои ғайриқонунии истифодаи барқро мушоҳида кардед, бояд сари вақт ба ташкилоти таъминкунандаи барқ ё дигар мақоми дахлдор хабар расонед, ки ин амал ба манфиати ҳамагон аст. Бо ин амал шумо ба таври боэътимод ва босифат бо энергияи барқ таъмин буданатонро ҳифз менамоед.
Таҷҳизоти кӯҳнаро тадриҷан бо дастгоҳҳои нав иваз кунед. Телевизорҳо ва чангкашакҳо, яхдонҳо ва мошинҳои либосшӯйию табақшӯйӣ аз рӯи стандартҳои имрӯзаи сарфаи энергия хеле муфид ҳастанд. Ҳама асбоби барқии маишӣ ба синфҳои самаранокии энергия тақсим карда шудаанд. Дараҷаи баландтарини самаранокии энергетикӣ бо ҳарфи лотинии A, пасттарин — G ишора карда мешавад, ки дар шиноснома ва ё маълумотномаи корхонаи истеҳсолкунанда нишон дода шудааст. Инчунин ба ҷои фурӯзонакҳои тафсон чароғакҳои светодиодӣ истифода намоед, зеро як чароғи 20-ваттаи светодиодӣ баробари як фурӯзонаки 100-ватта рӯшноӣ медиҳад. Яъне, он қувваи барқро 5 маротиба камтар истифода менамояд.
Бояд гуфт, ки дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар низоми энергетикии мамлакат бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои муассир, аз ҷумла навсозиву барқароркунии иқтидори истеҳсолӣ ва шабакаҳои интиқоли неруи барқ амалӣ карда шуданд. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ иншооти бузурги тавлидоти неруи барқ ба роҳ монда шуда, истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза ба рушди устувори иқтисодиёти мамлакат такони ҷиддӣ бахшид.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»