Иштироки Далер Ҷумъа дар Муколамаи сатҳи баланди Қирғизистон

13-уми ноябри соли 2024, Боку (Озарбойҷон). – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар Муколамаи сатҳи баланд: пешбурди рӯзномаи кӯҳӣ ва навсозии мавзуи кӯҳҳо ва тағирёбии иқлим, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳошияи Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим баргузор гардид, иштирок в суханронӣ намуд.

Далер Ҷумъа иброз дошт, ки Тоҷикистон кишвари кӯҳистонӣ буда, 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва қариб нисфи ҳудуди мамлакатро баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр дар бар мегирад. Тақрибан 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ аз ҳисоби пиряхҳои Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Дар Тоҷикистон қаторкӯҳҳои Зарафшон, Ҳисор ва Олой ҷойгиранд ва қисми шарқии кишварро қаторкӯҳҳои Памир ишғол мекунанд. Баландтарин қуллаи Помир – Исмоили Сомонӣ буда, баландиаш 7495 метрро ташкил медиҳад ва дар кӯҳҳои мамлакати мо беш аз 24 қуллаи баландиаш беш аз 6000 метр мавҷуд аст. Ин кӯҳҳо манбаи маъданҳои фоиданок, ҷангалҳо ва маҳсулоти кишоварзӣ буда, макони пиряхҳо, кӯлҳо ва дарёҳо мебошанд. 6%-и ҳудуди кишварро пиряхҳо дар бар мегиранд, ки миёни онҳо пиряхи Ванҷях машҳур ба ҳисоб меравад.

– Обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи тағирёбии иқлим ба раванди ҷаҳонии ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. Дар 30 соли охир аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон беш аз 1000 пиряхи барои тамоми минтақа муҳим аз байн рафтааст. Раванди зуд обшавии пиряхҳо дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво боиси афзоиши офатҳои табиӣ ва вайроншавии экосистемаи обӣ гардид, – таъкид кард Вазири энергетика ва захираҳои об.

Иброз гардид, ки равишҳои ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ унсурҳои муҳими рушди минтақаҳои кӯҳии мо, бахусус барои беҳтар намудани шароити иқтисодӣ ва зиндагии сокинони кишварҳои кӯҳӣ мебошанд. Тоҷикистон ҳамкориҳои созандаро бо тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҷиҳати таҳкими бахшҳои ҳаётан муҳим, бахусус муҳити зист ва иқлим идома хоҳад дод.