Пешниҳоди Тоҷикистон: “Таъсис додани Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ”

13-уми ноябри соли 2024, Боку (Озарбойҷон). – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҳошияи Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар Чорабинии сатҳи баланд оид ба таъмини огоҳии барвақтӣ барои ҳама ва мубориза бо гармии шадид, ки Дабири кулли СММ Антониу Гуттериш низ ҳузур дошт, иштирок ва суханронӣ намуд.

Вазир зимни баромад иброз дошт, ки тағйирёбии иқлим як мушкили ҷиддии экологӣ буда, қариб ба ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти мо таъсири амиқ мерасонад. Соли равон баландтарин ҳарорати ҳаво дар таърихи мушоҳидаҳо ба қайд гирифта шуд. Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии обу ҳаво, болоравии ғайримуқаррарии ҳарорати ҳаво дар Осиё аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ зиёдтар буда, пайомадҳои ташвишовар, аз қабили хушксолӣ, обхезӣ, фаромадани ярч ва сӯхтор дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон дорад.

Офатҳои табиии вобаста ба тағйирёбии иқлим ҳар сол дар Тоҷикистон рух дода, боиси талафоти ҷонӣ ва зарари назаррас ба инфрасохтор мегарданд. Бо ин мақсад, Тоҷикистон ба Барномаи чаҳорчӯбаи Сендай оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, ба такмили системаҳои огоҳкунии барвақтӣ, афзоиши сармоягузорӣ ба барномаҳои коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ва кӯмаки молиявӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ диққати махсус медиҳад. Инчунин бояд қайд кард, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои озмоишӣ барои татбиқи ташаббуси Дабири кулли СММ – “Огоҳии барвақтӣ барои ҳама” мебошад.

Зикр гардид, ки соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 – Соли  байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон гардида, дар назди СММ Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфт.

– Бо дарназардошти аҳамияти масъалаҳои зикршуда Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки бо дастгирии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва дар ҳамкорӣ бо дигар шарикони рушд дар шаҳри Душанбе Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ таъсис дода шавад, то таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои минтақа ҳамаҷониба омӯхта шавад, – гуфт дар фарҷоми суханронӣ Далер Ҷумъа.