14-уми ноябри соли 2024, Боку (Озарбойҷон). – Муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода дар Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниҳукуматии пешсафии глобалӣ оид ба обанборҳои насосӣ, ки дар ҳошияи Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ кард.
Ҷамшед Шоимзода аз иқтидорҳои энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, вобаста ба аҳамияти гидроэнергетика дар шароити тағйирёбии иқлим ибрози андеша намуд.
Иброз гардид, ки Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз ҷумлаи бузургтарин неругоҳҳои ҷаҳон минтақа ба ҳисоб рафта, на танҳо амнияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд, балки дар афзоиши ҳаҷми содирот ба кишварҳои ҳамсоя низ саҳм хоҳад гузошт.
Дар ҷаласа изҳори омодагии Тоҷикистон борои ҳамкории зич бо Кумитаи роҳбарикунандаи байниҳукуматии пешсафии глобалӣ оид ба обанборҳои насосӣ баён гардид.