15-уми ноябри соли 2024, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди навбатии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ ва руҳияи идона сурат гирифт.
Чорабиниро Манучеҳр Сафарзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои об ифтитоҳ намуда, аҳли нишастро ба муносибати ин ҷашнҳо, ки нуқтаи оғози барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва ноил гардидан ба дастовардҳои имрӯза мебошанд шодбош гуфт.
Таъкид гардид, ки таҷлили ин сана ба хотири саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳё ва ташаккули давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалист. Ин ҷашн рамзи муттаҳидии тамоми мардум дар атрофи Президенти кишвар буда, дар шинохти саҳеҳтари арзишҳои Истиқлоли давлатӣ ва баланд бардоштани ҳувияти миллӣ нақши амиқ мегузорад.
Дар идома Идрис Изатзода, муовини сардори раёсати сиёсати энергетикӣ ва захираҳои об, рушди илму техникаи Вазорат вобаста ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба обу иқлим маъруза карда, гуфт: “Обрӯю нуфуз ва мавқеи устувори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ, дар натиҷаи татбиқи сиёсати хирадмандонаву ҳусни ҳамҷавории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз эътироф кардааст, ки Пешвои миллати тоҷикон ташаббускори шаш иқдоми бузург дар сатҳи ҷаҳонӣ, ки ҳар яки он барои аҳли башар ҳаётан муҳим ба шумор меравад, мебошанд”.
Муқаддас Султонова, сармутахассиси бахши котиботи Вазорат, роҷеъ ба аҳамияти таърихӣ ва сиёсии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, гуфт, ки ҳанӯз дар ҷараёни Иҷлосияи таърихӣ давлати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон намуд, ки ҷонибдори роҳи қонунии инкишофи минбаъдаи ҷомеа, арзишҳои волои ҳуқуқӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои тарафайн бо ҳамаи кишварҳои олам дар асоси принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад.
Сипас, Гирдакова Гуландом ва Олимҷон Азимов суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибаи ин санаи муҳими таърихӣ табрик карданд.