Мулоқот бо вазири энергетикаи Озарбойҷон

15-уми ноябри соли 2024, Боку (Озарбойҷон).  – Дар ҳошияи Конфронси 29-уми  ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа  бо вазири энергетикаи Озарбойҷон Парвиз Шаҳбозов вохӯрӣ намуд.

Зимни суҳбат маҷмуи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика, аз ҷумла масъалаи воридоти нафти хом барои эҳтиёҷоти корхонаҳои коркарди нафти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Изҳори итминон карда шуд, ки ҷонибҳо минбаъд низ ҳамкориро тақвият медиҳанд.