ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОР 29

16-уми ноябри соли 2024, Боку (Озарбойҷон). – Дар ҳошияи Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар Павилиони миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Конститутсия ва Парчами давлатӣ чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.

Дар кори он Маҳмадтоир Зокирзода, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои об Ҷамшед Шоимзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода, Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдурраҳомон ва намояндагони кишварҳои хориҷӣ иштирок карданд.

Ҷамшед Шоимзода зимни суханронии худ иброз дошт, ки16-уми ноябр дар тақвими таърихи давлатдории тоҷикон ҳамчун санаи муборак, таърихиву тақдирсоз ва оғози марҳилаи нави давлатсозиву давлатдорӣ бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст, зеро маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ шуруъ намуд.

Дар ҳамин сана, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд.

Пас аз тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” (соли 2016) тайи 8 сол мешавад, ки дар кишвар 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Таҷлили ин рӯз ба хотири саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳё ва ташаккули давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалист.

Аз ин хотир, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тантанаи демократия, сулҳу ваҳдат, волоияти қонун, озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда, таҳкими истиқлоли миллию давлатӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву устуворӣ ва таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии давлат мебошад.