Дар ҳошияи 7-умин Намоишгоҳи байналмилалии системаҳои фотоэлектрикии офтобӣ ва технологияҳои нигаҳдории энергия – 2024, ки дар шаҳри Чендуи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуда истодааст (17-20-уми ноябри соли 2024), Наим Раҳимзода, сардори раёсати сармоягузории Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарону намояндагони як қатор ширкатҳо, аз ҷумла “Solarvest”, Ассотсиатсияи рушди саноати энергияи “сабз” вохӯрӣ намуд.
Зимни мулоқотҳо таваҷҷуҳи онҳо ба иқтидорҳои энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла манбаъҳои барқароршавандаи энергия, инчунин, шароити мусоиди фароҳамгардида барои сармоягузорӣ ҷалб карда шуд.
Сармоягузорон барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҷиҳати сармоягузорӣ намудан ба соҳаи энергетикаи кишвар изҳори ҳавасмандӣ зоҳир карданд.