Аз мониторинги криосфера то ҳамкорӣ ба тақсимоти захираҳои обӣ ва қабули қарорҳо

Таҳти ин унвон бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) дар ҳошияи Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим чорабинии канорӣ баргузор гардид.
Ҳадафи асосӣ муҳокимаи масъалаҳои мутобиқшавӣ ва коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим ба криосфера ва таъсири он ба захираҳои обӣ буд.
Иштирокдорони чорабинӣ таҳлили ҳамаҷонибаи нақши илм, технология ва ҳамкориро дар таҳияи стратегияҳои устувори идоракунии захираҳои обӣ пешкаш карданд. Дар ҷараёни муҳокимаҳо аҳамияти ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, ба монанди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018-2028), Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025 ва Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосфера (2025-2034) махсус таъкид карда шуд. Ин ташаббусҳо ба рушди ҳамкорӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани таъсири он, инчунин пешбурди тадқиқот дар соҳаи илмҳои криосфера мусоидат мекунанд.
Дар чорабинии мазкур Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамшед Шоимзода, муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамшед Хомидзода, сардори раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Анил Мишра, сардори шуъбаи системаҳои гидрологӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими ЮНЕСКО, хонум Ясмин Сиддиқӣ, директори шуъбаи кишоварзӣ, озуқаворӣ, табиат ва рушди деҳоти Бонки Рушди Осиё, ҷаноби Дэвид Поттер, ооҳбари стратегӣ оид ба амалҳои минтақавӣ ва таблиғи глобалӣ дар ICIMOD, Олуфунке Кофи, корманди калони илмии Институти байналмилалии идоракунии захираҳои обӣ, ҷаноби Сону Ханал, гидрологи калон ва коршиноси тағйирёбии иқлим дар ширкати Future Water ва Амирзода Ориф, директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон суханронӣ намуданд.