Ҷамшед Шоимзода, муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар чорабинии канорӣ, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Фонди Байналмилалии наҷоти Арал ва дигар шарикони рушд таҳти унвони “Осиёи Марказӣ дар роҳи баланд бардоштани самаранокии идоракунии захираҳои оби фаромарзӣ дар ҳавзаи баҳри Арал бо назардошти таъсири иқлим” доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар чорабинӣ вобаста ба саволҳои зерин миёни иштирокчиён табодули афкор сурат гирифт:
– Дар Осиёи Марказӣ кадом хатарҳои иқлимӣ барои бахши об вуҷуд доранд?
– Монеаҳо барои татбиқи чораҳои муштарак кадомҳоянд?
– Барои мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи баҳри Арал чӣ чораҳо андешидан лозим аст?
– Таъсири манфии иқлимро ба захираҳои об чӣ гуна коҳиш додан мумкин аст?
– Барои ҳамкории минтақавӣ дар таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим ва қабули равиши ҳамаҷониба ва муштарак ба ҳифзи захираҳои об чӣ имкониятҳо ва иқтидорҳо мавҷуданд?