21-уми ноябри соли 2024, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар мулоқот намуд.
Дар меҳвари суҳбати ҷонибҳо раванди омодагӣ ба Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки баргузории он 28-29-уми ноябри соли 2024 дар шаҳри Исломобод дар назар аст, қарор гирифт.
Зикр гардид, ки баргузории Комиссияи дарпешистода барои боз ҳам тавсеа ва густариш ёфтани ҳамкориҳои дуҷонибаи давлатҳо заминаи воқеӣ фароҳам хоҳад овард.