Дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ боз як неругоҳи барқи офтобӣ бунёд мегардад

21-уми ноябри соли 2024, Душанбе. –  Байни ҶСК «Помир Энерҷӣ» ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар доираи Лоиҳаи «Энергетикаи Осиёи Марказӣ» ёддошти тафоҳум оид ба сохтмони боз як неругоҳи барқи офтобӣ дар маркази ноҳияи Мурғоби ВМКБ бо иқтидори 400 кВт ба имзо расонда шуд.

Ҳадаф аз имзои созишнома, беҳтар намудани таъминоти сокинони маркази ноҳияи Мурғоб ва деҳаи Кӯҳнакӯрғон бо қувваи барқ арзёбӣ мегардад.