МУЛОҚОТ БО ХОНУМ ТЕРҲИ ҲАКАЛА

22-юми ноябри соли 2024, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо хонум Терҳи Ҳакала намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд.

Дар мулоқот аз ҷониби роҳбарияи Вазорат ба хонум Тери Ҳакала, ки маъмурияти он дар ин мақом ба анҷом мерасад, барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори сипос карда шуд.

Зикр гашт, ки минбаъд низ ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши энергетика ва захираҳои об бо Иттиҳоди Аврупо тавсеа ёфта, ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад буд.