22–юми ноябри соли 2024, Душанбе. – Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандон ҷамъомади тантанавии идона баргузор гардид. Бо нишони арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ чорабинӣ бо садо додани Суруди Миллӣ ва ворид намудани Парчами давлатӣ ба толор дар фазои мутантан сурат гирифт.
Дар оғози ҳамоиш Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ самимона шодбош намуда, иброз дошт, ки эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчами давлатӣ маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад.
Ба ин маънӣ, таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашни фарзандони шуҷои Ватан, лаҳзаи эҳсоси масъулияти ватандории ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ва адои қарзи фарзандӣ дар назди давлат ва миллат мебошад.
Ширинмоҳ Тағойзода, сармутахассиси раёсати сиёсати энергетикӣ ва захираҳои об, рушди илму техникаи Вазорат дар баромади худ аз таърихи парчамдории миллати тоҷик ҳарф зада, гуфт, ки «Дирафши ковиёнӣ»-и Коваи оҳангари ҳақиқатхоҳу далер ва муборизу ҷасур нишоне аз талошу мубориза ва ҷоннисориҳои ниёгони мо баҳри озодист.
– Дар шароити мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва воқеаҳои даҳшатноку фоҷиабор, ки дар натиҷаи бархӯрди манфиатҳои қудратҳои сиёсии ҷаҳонӣ ба амал меоянд, инчунин зуҳури гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ба амнияти давлатҳо, аз ҷумла ба фазои орому осоиштаи Тоҷикистони азизи мо низ бе таъсир намемонад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки ба масъалаи суботу амнияти Ватани азизамон ва ҳифзи давлату давлатдорӣ диққати боз ҳам бештар дода, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, манфиатҳои миллии худро ҳифз намоем ва дар зери Парчами давлатӣ ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ бошем, – гуфт Меҳроҷ Сангинов, сармутахассиси раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорат зимни суханронӣ.