24-уми ноябр, Душанбе. – Кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси баланд ва ифтихори миллӣ дар роҳпаймоии оммавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз «Майдони истиқлол» то «Майдони Парчами давлатӣ» сурат гирифт, ширкат варзиданд.
Ҳайати Вазорат дар қатори дигар сохторҳо бо парафшон кардани Парчами миллӣ, муттаҳидона аз шукӯҳи рамзи давлатӣ ва нақши он дар таҳкими ваҳдату якпорчагии кишвар таҷлил карданд.
Ин чорабинӣ на танҳо ифтихори миллӣ, балки азму иродаи мардуми Тоҷикистонро дар эҳтироми рамзҳои давлатӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият бозгӯ намуд.