МУЛОҚОТ БО РОҲБАРИ ГУРӮҲИ БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии муовини якуми Сарвазири кишвар Ҳоким Холиқзода дар пойтахти Арабистони Саудӣ – шаҳри Риёз бо роҳбари Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад ал-Ҷасир мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, нақлиёт, тандурустӣ ва маориф дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкории кишваро барои солҳои 2023-2026 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба хотири саҳми арзандаи доктор Муҳаммад ал-Ҷасир дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ бо ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ордени «Дӯстӣ» қадр карда шуд.
Зимни суҳбат зикр гардид, ки то имрӯз аз ҷониби Гурӯҳи Бонки исломии рушд барои дастгирии лоиҳаҳо дар соҳаҳои мухталиф 825 миллион доллари ИМА ҷудо шудааст.