ВОХӮРИИ ҲАЙАТИ РАСМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РАИСИ ФОНДИ САУДИИ РУШД

24-уми ноябр, Риёз (Арабистони Саудӣ). – дар доираи 28-умин Конфронси ҷаҳонии сармоягузорӣ, ки аз 25-уми то 27-уми ноябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, ҳайати баландпояи кишвар таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо Раиси Фонди саудии рушд Султон ал-Маршад мулоқот намуданд.