4-уми декабри соли 2024, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Ҳамоҳангсози барноми Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (TIKA) дар Тоҷикистон Ибрахим Этхем Унал мулоқот намуд.
Зимни суҳбат ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар ин зимн ба Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ ҷиҳати дастгирӣ барои навсозии ошхонаи Коллеҷи техникии ноҳияи Ҷаллолидини Балхӣ изҳори сипос карда шуд.
Бо итминон иброз гардид, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди тарафҳо минбаъд низ тавсеа ва тақвият меёбанд.