МУЛОҚОТ БО ВАЗИРИ БАНАҚШАГИРӢ, РУШДИ ИҚТИСОДӢ ВА ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МИСР

4-уми декабри соли 2024, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири банақшагирӣ, рушди иқтисодӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Арабии Миср, ҳамзамон ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Миср оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ хонум Рания Ал-Машат вохӯрӣ намуд.

Дар мулоқот ҳамкориҳои Тоҷикистону Миср дар соҳаи энергетика ва захираҳои об мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

Гуфта шуд, ки дар шароити тағйирёбии иқлим рушд додани истеҳсоли неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои Тоҷикистон муҳим арзёбӣ карда мешавад.

Аз ҳайати мисрӣ ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба  ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват ба амал оварда шуд.