6-уми декабри соли 2024, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини вазири энергетика ва захираҳои об Манучеҳр Сафарзода бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10-уми декабр таҷлил карда мешавад, чорабинии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Таъмини ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъият ва дурнамо» баргузор гардид.
Дар кори он намояндагони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд ва коршиносону олимони соҳа ширкат варзиданд.
Манучеҳр Сафарзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ва комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд диққатати махсус равона гардидааст.
– Дар Конститутсияи кишвар диққати асосӣ ба вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гардида, тибқи моддаи 5, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ шинохта шудааст ва давлат масъул гардидааст то ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд, – илова кард, муовини вазир.
Сипас, Шарипов Тақдиршо, профессори факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба аҳамият ва принсипҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (соли 1948) ва паймонҳову протоколҳои дар заминаи он қабулгардид, инчунин, рушди низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ибрози назар намуд.
Хусрав Рамазонзода, сардори раёсати ҳуқуқи Вазорати энергетика ва захираҳои об вобаста ба ҳуқуқи инсон ба оби тоза ва безарар баромад намуда, иброз дошт, ки «ҳуқуқи шаҳрвандон барои дастрасӣ ба оби тоза ва безарар дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешаванд. Ҳуқуқи дастраси ба об ин на танҳо ҳуқуқи инсон, балки масъулияти муштарак барои ҳамаи мост. Мо бояд ҳамкориро таҳким бахшем, захираҳоро ҳифз кунем ва шароитеро эҷод намоем, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз ин неъмати бебаҳо баҳравар гардад».
Дар идома Сайнозимзода Фирӯз, сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон («Нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар таъмини эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд»), Шаҳбозов Рустам, муовини сардори раёсати ҳуқуқи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ («Ҳадафҳои асосии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон дар давраи то соли 2038»), Мавҷуда Холиқзода, коршинос («Баробарии гендерӣ ва роҳ надодан ба табъиз»), Хуҷаназар Асламшоев, эксперти байналмиллалӣ («Риоя ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон») маърӯза намуданд.