МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҶОПОН

9-уми декабри соли 2024, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тошиҳиро Аики мулоқот анҷом дод.

Зимни суҳбат ҷонибҳо вобаста рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳо дар соҳаи энергетика ва захираҳои об ибрози назар намуданд.

Вазири энергетика ва захираҳои об ба ҷаноби Тошиҳиро Аики, ки муҳлати сафириаш ба анҷом мерасад, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории зич ва манфиатбахш барои давлатҳо арзи сипос баён дошта, ба мавсуф дар оянда барору комёбиҳо таманно кард.