9-уми декабри соли 2024, Душанбе. – Байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти Корея оид ба рушди технология Протоколи музокирот вобаста ба «Сохтмони неругоҳҳои барқи офтобӣ ва дастгоҳҳои захиракунандаи энергия дар вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» ба имзо расонида шуд.
Протоколро вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва директори генералии Дафтари технологияҳои саноатии Институти Корея оид ба рушди технология Лим Бюнг Ҳюк имзо намуданд.
Ҳадаф аз имзои ҳуҷҷати мазкур, беҳтар намудани таъминоти сокинони вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо қувваи барқ арзёбӣ мегардад.
Тибқи Протокол, бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқдори 6 МВт ва 1 МВт*соат дастгоҳҳои захиракунандаи энергия ба нақша гирифта шудааст. Зимнан, бунёди неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 3 МВт бо дастгоҳҳои захиракунандаи энергия бо иқтидори 0,5 МВт*соат дар ҳудуди вилояти Суғд ва бунёди неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 3 МВт бо дастгоҳҳои захиракунандаи энергия бо иқтидори 0,5 МВт*соат дар ҳудуди ВМКБ дар назар аст.