11-уми декабри соли 2024, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия (9-уми декабр), Соли маърифати ҳуқуқӣ, сиёсати зидди коррупсионӣ таҳти раёсати муовини вазири энергетика ва захираҳои об Манучеҳр Сафарзода ҷаласа баргузор гардид.
Дар кори он Ёсуман Акрамзода, сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони дастгоҳи марказӣ ва ниҳодҳои Вазорат иштирок доштанд.
Ҷаласаро Манучеҳр Сафарзода, ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки муқовимат ба коррупсия дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша яке аз масъалаҳои меҳварӣ буда, мубориза ба ин зуҳуроти номатлуб ва пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунанда сол ба сол пурзӯртар мешаванд.
Гуфта шуд, ки бо мақсади коҳиш додани хавфҳои коррупсионӣ ва аз байн бурдани омилҳои инсонӣ дар Вазорат додани иҷозатномаҳо тариқи электронӣ ба роҳ монда шудааст. Дар низоми энергетикӣ бошад, марҳила ба марҳила насби ҳисобкунакҳои ҳушманд (интеллектулӣ) ба роҳандозӣ гардида истодааст.
Ёсуман Акрамзода, сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентӣ, иброз дошт, ки муқовимат ба коррупсия ва коҳиш додани сатҳи он ба омилҳо зиёд, аз қабили дастаҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, савияи баланди донишу маърифати ҳуқуқӣ, фаъолнокии ҳар як фарди ҷомеа дар муносибати оштинопазир бо ин зуҳуроти номатлуб вобаста аст. Бо ин мақсад дар кишвар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ба тасвиб расидааст.
Таъкид гашт, ки пайдо шудани коррупсия дар дилхоҳ шакл сабаби заиф гаштани пояҳои давлатдорӣ ва низоми зиндагии инсон гардида, муқовимат алайҳи ин зуҳурот на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки рисолати шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат дониста мешавад. Дар робита ба ин, аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар муқовимат ба коррупсия дастаҷамъона фаъолият намуда, дар пешгирии он ва дар руҳияи зиддикоррупсионӣ тарбияи намудани шаҳрвандон чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намоянд.