11-уми декабри соли 2024 дар пойтахти Покистон – шаҳри Исломобод Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти раёсати ҳамраисони Комиссия – Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сардар Аваис Аҳмад Хан Леғарӣ, вазири федеролии энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб сурат гирифит.
Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум доир гардида, масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, энергетика, маълумоти олӣ, бонкдорӣ, илму технология, сайёҳӣ, сиёсати ҷавонон, варзиш, нақлиёт ва коммуникатсия мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Зикр гашт, ки дар соли 2023 гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон 52,7 млн. долларро ташкил дод ва дар моҳҳои январ-сентябри соли 2024 ин нишондиҳанда ба маблағи 47,3 млн. доллар баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 млн. доллар ё 3,3 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон, аҳамияти муҳими лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA -1000» барои рушди ҳамкориҳои кишварҳо дар соҳаи энергетика махсусан, зикр гардид.
Изҳори итминон шуд, ки кори Комиссия ба рушди ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Покистон уфуқҳои тозаро боз намуда, дар муносибатҳои судманди ҳар ду ҷониб такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Дар фароварди маҷлис аз ҷониби ҳамраисон Протоколи Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ба имзо расонда шуд.
Дар доираи Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштарак ду Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд:
– Ёддошти тафоҳум байни Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Покистон;
– Ёддошти тафоҳум оид ба барқарорсозии муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Хайбар-Пахтунхваи Ҷумҳурии Исломии Покистон.