11-уми декабри соли 2024, Ҳисор. – Имрӯз дар Осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» таҳти раёсати муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода ҷаласаи чоруми корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо роҳандозӣ шудааст, ба кори худ шуруъ кард.
Дар кори он намояндагон аз раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок варзиданд.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан бояд лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» дар таҳрири нав таҳия мегардид. Вале пас аз се ҷаласа Гурӯҳи корӣ таҳияи лоиҳаи Кодекси энергетикиро ба мақсад мувофиқ шумориданд. Акнун, лоиҳаи кодекси мазкур фарогири масъалаҳои соҳаи энергетика, аз ҷумла сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия, азхудкунии манбаъҳои барқароршавндаи энергия, неруи барқ, гармӣ ва геотермалӣ буда, муносибатҳоро дар ин самт ба танизм хоҳад даровард.
Дар ин замина, таҳияи санадҳои меъёрии зерқонунӣ, ки қисмати техникии соҳаро низ ба танзим медарад, дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи чоруми корӣ давоми се рӯз идома меёбад.