12-уми декабри соли 2024, Исломобод (Покистон). – Дар ҳошияи Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Абдул Алим Хон, вазири федеролии хусусигардонӣ, Шурои сармоягузорӣ ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд.
Зимни суҳбати ҷонибҳо маҷмуи ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардида, ҷиҳати густариш додани муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ изҳори ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.
Ҳамзамон, миёни ҳамсуҳбатон вобаста ба ҳамкориҳои ояндадор, аз қабили сохтмони роҳҳои нақлиётӣ таввасути долони “Вахон”, хатҳои интиқол, зиёд намудани парвозҳои мустақими Душанбе-Исломобод, ки ба манфиати кишварҳо хоҳад буд, табодули афкор сурат гирифт.