13-уми декабри соли 2024, Исломобод (Покистон). – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо роҳбари Департаменти рушди захираҳои обу энергетикаи Вазорати захираҳои оби Ҷумҳурии Исломии Покистон Саҷад Ғанӣ дидор намуд.
Дар меҳвари суҳбати ҷонибҳо тақвия ва тавсеа бахшидани ҳамкориҳо дар бахши обу энергетика қарор гирифт.
Дар ин замина, аҳамияти татбиқи саривақтии лоиҳаи «CASA-1000» махсусан таъкид шуда, онро пайвандгари воқеии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ унвон намуданд.
Дар фароварди вохӯрӣ аз ҳайати покистонӣ ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват ба амал оварда шуд.