ТОҶИКИСТОН ВА ПОКИСТОН: САМТҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ ДАР ТИҶОРАТ ВА ИҚТИСОД

13-уми декабри соли 2024, Исломобод (Покистон). – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо президенти Палатаи савдо ва саноати Исломобод Носир Қурайшӣ вохӯрӣ кард.

Ҳамсуҳбатон роҳҳои густариш ва тавсеа додани ҳамкориҳои судманди тиҷоратӣ, иқтисодӣ, саноатӣ ва кишоварзиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Гуфта шуд, ки баргузор гардидани Бизнес-форуми Тоҷикистону Покистон барои зиёд шудани гардиши саводои дуҷониба миёни кишварҳо заминаи воқеӣ фароҳам меорад.