13-уми декабри соли 2024, Исломобод (Покистон). – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҳошияи Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон бо вазири федеролии тиҷорати Покистон Ҷам Камол Хон мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни вохӯрӣ маҷмуи масъалаҳои муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ кишварҳо баррасӣ гардид.
Ҳамчунин, аҳамияти густариши ҳамкориҳо ҷиҳати истифодабарии имконоти бандарҳои баҳрии Покистон ва шабакаҳои мавҷудаи транзитӣ барои тавсеаи тиҷорат дар сатҳи минтақа барои Тоҷикистон таъкид шуд.