БАРРАСИИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА

17-уми декабри соли 2024, Душанбе. – Дар ҳошияи вохӯрии вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо муовини вазири энергетика Федератсияи Россия Роман Маршавин  мулоқоти ҳайатҳои ду кишвар доир ба фаъолияти неругоҳи муштараки Тоҷикистон ва Россия – Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» баргузор гардид.

Дар меҳвари суҳбати ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика, аз ҷумла, масъалаҳои ҷорӣ доир ба фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» қарор гирифт.

Бо қаноатмандӣ иброз гашт, ки кишварҳо дар асоси усулҳои ҳусни тафоҳум ва эҳтирому эътимоди ҳамдигар ҳамкории барои ҷонибҳо судмандро дар оянда низ тавсеа ва тақвият хоҳанд дод.