БАРОИ БУНЁДИ НБО «РОҒУН» СОЗИШНОМАИ ҚАРЗӢ БА ИМЗО РАСИД

18-уми декабри соли 2024, Душанбе. Барои вусъат додани ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб (ФКРИА) созишномаи қарзӣ ба маблағи 16,7 млн. доллари ИМА ба имзо расонда шуд.
Созишномаро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Валид Шимлон Ал-Баҳар, директори генералии Фонд ба имзо расониданд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳаҷми маблағгузории ФКРИА 100 млн. доллари ИМА пешбинӣ шуда, он дар 6 марҳила, тавассути созишномаҳои алоҳида ба маблағи 16,7 млн. долларӣ ҷудо мегардад.
✅ @mewrtj