ВОХӮРӢ БО ҲАЙАТИ ГУРӮҲИ «ФАРОБ» ВА ШИРКАТИ «САНГОБ»

19-уми декабри соли 2024, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ҳайати Гурӯҳи «Фароб» ва ширкати «Сангоб»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон вохӯрӣ кард.

Дар меҳвари суҳбати ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла, масъалаҳои ҷорӣ доир ба фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» қарор гирифт.

Изҳори умедворӣ гардид, ки дар вохӯрии имрӯза барои ниҳоӣ намудани масъалаҳои ҷойдошта қадамҳои устувор гузошта шуда, ҳамкориҳои мутақобилан судмандро тақвият медиҳад.