ТАНТАНАИ ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА ДАР ВАЗОРАТ

20-уми декабри соли 2024, Душанбе. Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи кормандони соҳаи энергетика таҳти раёсати вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст, вазир ҳозиринро ба муносибати иди касбӣ табрик намуда, иброз дошт, ки дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар бахши энергетика яке аз соҳаҳои калидӣ ва афзалиятнок дониста шудааст, зеро энергетика заминаи рушд барои дигар бахшҳои иқтисод маҳсуб меёбад.

Таъкид гардид, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз кормандони соҳа тақозо мегардад, ки сидқан фаъолият намоем ва бо кору пайкори худ боварӣ ва осудагии аҳолиро таъмин намоем. Чунки заҳмати онҳо на танҳо барои рӯзгори имрӯза, балки барои насли ояндаи кишвар арзиши бузург дорад.

Дар идома дар фазои тантанавӣ ба 7 нафар Медали соҳавии «Аълочии соҳаи энергетика», ба 6 нафар унвони «Энергетики хизматнишондодаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», ичунин ба як қатор кормандони соҳа Ифтихорномаи фахрии Шурои электроэнергетикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ифтихорномаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.