Муҳтарам кормандони соҳаи энергетика!
Собиқадорони арҷманд!
Бо эҳтироми бепоён ҳамаи Шуморо ба муносибати иди касбӣ – Рӯзи кормандони соҳаи энергетика, ки арҷгузорӣ ба заҳматҳои шабонарӯзии Шумо ба хотири рушди устувори кишвар мебошад, самимона шодбош гуфта, бароятон тандурустӣ, хушбахтии оилавӣ ва дар иҷрои рисолати касбӣ барору комёбиҳо таманно дорам.
Дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушкилоти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ рӯбарӯ гардид. Воқеаҳои фоҷиабори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ на танҳо ба пояҳои иқтисодӣ зарбаи шадид расониданд, балки пешрафту шукуфоии кишварро ба таври ҷиддӣ боздошт. Махсусан, дар соҳаи энергетика мушкилоти зиёде ба миён омад.
Пас аз муътадил гардидани вазъи сиёсии мамлакат дар оғози асри нав дар кишвар масъалаи таъмини рушди устувори иқтисодӣ ба миён гузошт шуд. Бо назардошти ин, Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои инкишофи минбаъда се ҳадафи стратегиро барои рушди иқтисодиёт ба нақша гирифт: таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ. Дар ин замина, баъдан саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид.
Дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар бахши энергетика яке аз соҳаҳои калидӣ ва афзалиятнок дониста шудааст, зеро энергетика заминаи рушд барои дигар бахшҳои иқтисод маҳсуб меёбад.
Бо дарназардошти ҳамин нуқтаи муҳим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки «рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлоли энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо неруи барқ ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, барои истифодаи имконоти берунӣ барои рушди энергетика, ки яке аз заминаҳои асосии рушди иқтисодии кишвар дониста мешавад, бояд саъй кард».
Барои расидан ба ин ҳадаф аз мо – кормандони соҳа тақозо мегардад, ки сидқан фаъолият намоем ва бо кору пайкори худ боварӣ ва осудагии аҳолиро таъмин намоем.
Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, иқтидори истеҳсоли солонаи энергияи барқ 527 миллиард кВт/соат арзёбӣ мегардад. Ин дар ҳолест, ки 95 фоизи иқтидори гидроэнергетикии аз ҷиҳати иқтисодӣ имконпазир то ҳол аз худ нашудааст. Илова ба захираҳои гидроэнергетикӣ, захираҳои зиёди тавлиди неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои шамол, Офтоб ва дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия мавҷуд мебошад.
Ҳамкасбони гиромӣ!
Бояд дар хотир дошт, ки заҳматҳои шумо на танҳо барои рӯзгори имрӯзи мо, балки барои наслҳои ояндаи кишвар арзиши бузург дорад.
Дар анҷоми суханронӣ бори дигар ҳамаи Шуморо бахшида ба иди касбӣ ва фарорасии соли нави мелодӣ табрик менамоям.
Ҳарчанд Рӯзи кормандони соҳаи энергетика дар рӯзи кӯтоҳтарини сол таҷлил мегардад, аммо нақши шумо дар равшанӣ бахшидан ба зиндагии мардум, монанди нурест, ки торикиҳоро фурӯзон мегардонад. Орзумандам, ки умри дарозу пурбаракат, саломатии қавӣ ва неруи бепоён насибатон гардад.
Рӯзи кормандони соҳаи энергетика хуҷаста бод!