ЧАНД РӮЙДОДИ МУҲИМИ СОЛИ 2024 ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА ВА ЗАХИРАҲОИ ОБ

Соли 2024 дар тақвими зиндагии мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳамчун соли расидан ба ормонҳои миллӣ ва дар таърихи давлатдории навин марҳилаи фатҳи уфуқҳои тозаи рушд сабт шуд. Дар баробари дигар соҳаҳо дар соҳаи энергетика ва захираҳои об низ, соли 2024 соли бобарор буд. Зеро барои беҳтар намудани системаи энергетикии кишвар ва идоракунии самараноки захираҳои обӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир рӯйи даст гирифта шудаанд.

Ҳоло месазад, ки чанд рӯйдоди муҳимтарини соҳаро, ки соли 2024 ба даст омаданд, иброз намуд.

АЗ ТАҶДИДИ НБО «НОРАК» ТО НБО «ҚАЙРОҚҚУМ»

Таҷдиду бозсозии нергоҳҳои мавҷудаи барқӣ, ки 60-70 сол инҷониб фаъолият доранд, яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ин самт як қатор лоиҳаҳо амалӣ шуда истодаанд. Зеро таҷдид ва навсозии неругоҳҳои барқӣ имкон медиҳад, ки таъминоти устувори энергетика таъмин карда шавад ва барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ заминаи мусоид фароҳам овардад.

Дар ҳамин замина, 30-юми августи соли 2024 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати чоруми Неругоҳи барқи обии «Норак» баъд аз таҷдид ба истифода дода шуд. Ин иқдом иқтидори истеҳсолии НБО «Норак»-ро, ки қалби системаи энергетикӣ ба ҳисоб меравад, бештар менамояд.

Инчунин, моҳи сентябри соли 2024 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 гидроагрегати Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» пас аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар ин замина бояд гуфт, ки аз соли 2019 бо иқдому ташаббусҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои навсозӣ дар неругоҳ оғоз гардида, дар муддати беш аз 5 сол гидроагрегатҳои № 4, 5 ва 6-и неругоҳ пурра навсозӣ ва иқтидори ҳар яки онҳо аз 19 ба 29 МВт баланд бардошта шуд.

Дар маҷмуъ, баъди татбиқи ин лоиҳаи муҳим ва пурра ба истифода додани дигар гидроагрегатҳо, ки то соли 2026 пешбинӣ шудааст, истеҳсоли миёнаи солонаи неруи барқ дар НБО «Қайроққум» аз 580 млн. кВт/соат ба 850 млн. кВт/соат расонида шуда, сатҳи идоракунӣ ва хизматрасонӣ ба талаботи замони муосир мутобиқ хоҳад шуд.

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ХАТҲОИ ИНТИҚОЛИ БАРҚӢ

Маврид ба зикр аст, ки сол ба сол коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, инчунин, шумораи истифодабарандагони неруи барқ зиёд гардида, сарбории зеристгоҳҳои барқӣ, махсусан дар давраи тирамоҳу зимистон бештар мегардад. Бо дар назардошти ин, барои кам намудани сарбории зеристгоҳҳо ва бе мушкилӣ дар ҳамаи фаслҳои сол таъмин намудани аҳолӣ ва дигар иншоотҳо бо неруи барқ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ, ба монанди бунёди зеристгоҳҳои нав, навсозӣ намудани зеристгоҳҳои таъмирталаб ва кашидани хатҳои интиқоли барқи баландшиддат андешида мешавад.

Дар ҳамин замина, соли 2024 дар баробари зеристгоҳҳои хурд 27-уми сентябр зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун хатти интиқоли барқи 220 кВ аз дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 кВ-и НБО «Роғун» то зеристгоҳи барқии «Роғун» бо дарозии умумии 12,7 км ва васеъсозии дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220 кВ-и зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Роғун» баъд аз навсозӣ ба истифода дада шуд. Баъд аз навсозӣ ва васеънамоии зеристгоҳи мазкур барқи истеҳсолгардидаи НБО «Роғун» тавассути хатти барқии 220 кВ аз дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазии – 220 кВ-и НБО «Роғун» то дастгоҳи тақсимкунандаи кушодаи зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Роғун» интиқол ёфта, ба низоми ягонаи энергетикии кишвар пайваст мегардад ва ба ин васила эътимоднокии системаи энергетикӣ кишвар баланд мегардад.

Зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Роғун» баъд аз навсозӣ сокинони шаҳри Роғун, ноҳияҳои водии Рашт, Файзобод ва қисман шаҳри Ваҳдатро доимӣ бо барқ таъмин менамояд.

Хатти интиқоли барқи баландшиддати 110 кВ «Хоруғ – Қозидеҳ» ва 35 кВ «Сурхсангов – Ванҷ»

Бо мақсади паст намудани сатҳи садаманокӣ дар низоми ягонаи энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инчунин беҳар намудани сифати барқтаъминкунӣ ба аҳолии деҳаҳои дурдасти ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Ишкошим хатти интиқоли барқи баландшиддати 110 кВ «Хоруғ – Қозидеҳ» ва хатти интиқоли барқи баландшиддати 35 кВ «Сурхсангов – Ванҷ» дар доираи сафари кории Сарвари давлат ба ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби шарикони рушд бо дарозии умумии 84,5 километр мавриди истифода қарор гирифт.

Маврид ба зикри хос аст, ки пештар ба ноҳияҳои вилоят интиқоли барқ тавассути хатҳои 10 кВ сурат мегирифт, ки нокифоя буд. Бо андешидани тадбирҳои зарурӣ хатти интиқоли барқи 10 кВ ба 35 кВ ва 110 кВ иваз карда шуд ва ба ин восита иқтидори интиқол ва сифати таъминоти аҳолӣ бо неруи барқ хеле беҳтар гашт.

ПАЙВАСТШАВӢ БА НИЗОМИ ЯГОНИ ЭНЕРГЕТИКИИ ОМ

Яке аз ҳадафҳои калидии бахши энергетика дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба 10 млрд. кВт. соат расонидани содироти солонаи неруи барқ ба кишварҳои минтақа муайян шудааст. Ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф ҳамасола чораҳои лозима амалӣ карда мешаванд.

Дар ин росто бояд қайд намуд, ки шуруъ аз моҳи июни соли равон Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз 15-сол дубора ба Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст гардида, фаъолияти мутавозини низоми энергетикии Осиёи Марказӣ бо низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.

ТОҶИКИСТОН МИЗБОНИ КОНФРОНСИ ОБИ СММ

Боиси ифтихор аст, ки имсол шаҳри Душанбе (10-13-уми июн) Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”-ро мизбонӣ кард ва чорабинии мазкур дар сатҳи баландӣ ташкилӣ баргузор гардид. Дар кори он зиёда аз 2000 намояндаи беш аз 130 давлати ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ниҳодҳои молиявӣ, ташкилотҳои хоҷагии об ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ширкат карданд.

Воқеан, натиҷаҳои Конфронси мазкур комёбиҳои бадастомадаи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023-ро таҳким бахшида, ба қабули уҳдадориҳо ва иқдоми нав дар соҳаи захираҳои об мусоидат менамоянд.

Муҷиби сарфарозист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об, ки соли 2028 баргузор мегардад, интихоб гардид. Ин барои кишвари мо дастоварди ниҳоят бузур маҳсуб меёбад. Дар чорчӯби Конфронси  СММ оид ба захираҳои об масъалаҳои ниҳоии ҳамаҷонибаи иҷрои ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор,  солҳои 2018-2028» баррасӣ хоҳад шуд.

Соли 2024 дар соҳаи об яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими дарозмуддат – Стратегияи миллии оби  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми ноябри соли 2024, № 627) рӯйи кор омад.

Ин ҳуҷҷати муҳими стратегӣ бо дарназардошти тағйирёбии иқлим ва ҳадафҳои рушди устувор таҳия шудааст ва роҳнамои калидӣ барои идоракунии ҳамгироёна ва оқилонаи захираҳои об мебошад.