Оби тоза ва корез барои ҳама: дар Тоҷикистон он соли 2040 дастрас мешавад

Тибқи стратегияи ҳукумат оид ба об, баъди 15 сол ҳамаи сокинони Тоҷикистон бо оби тоза таъмин шуда, хонаҳои онҳо ба низоми мутамаркази корез пайваст мешаванд.

Моҳи ноябри соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон Стратегияи миллии обро то соли 2040 тасдиқ кард. Ин санад масоили идоракунии захираҳои об ва ҳимоя аз тағйирёбии иқлимро дар бар мегирад. Беҳтар сохтани қонунҳо дар бораи об, ҷорисозии технологияҳои сарфаи об ва таъмиру навсозии инфрасохтор аз ҷумла вазифаҳои асосии санад номбар мешаванд. Ҳамчунин тақвияти тадбирҳои таъмини бехатарии иншооти гидротехникӣ ба нақша гирифта шудааст.

Пас то соли 2040 дар Тоҷикистон кадом вазъият беҳтар мешаванд? Саҳеҳтар, чӣ кору иқдомҳо ба нақша гирифта шудаанд?

Маҳсулнокии об аз 1 то 3 доллар барои 1 метри мукааб зиёд мешавад

Маҳсулнокии иқтисодии об – ин фоиданокии молиявӣ аз як метри мукааби (м³) оби истеъмолшуда аст. Бо андозагирии маҳсулнокии иқтисодӣ, метавон истифодаи обро аз нуқтаи назари иқтисодӣ беҳтару муносиб ва оқилона ба роҳ монд.

Айни замон маҳсулнокии иқтисодии об паст аст. Дар соли 2023 он 11 сомонӣ барои 1 м³ -ро ташкил медод. Дар кишоварзӣ ин нишондиҳанда 2,5-3,1 сомонӣ/м³, дар саноат – 92 сомонӣ/м³ ва дар гидроэнергетика 0,23 сомонӣ/м³ аст.

Мушкилот ба технологияҳои кӯҳна, талафи он ҳангоми интиқол ва инфрасохтори фарсуда вобастаанд. Илова бар ин, ҳафвасмандӣ ба истифодаи усулҳои муосир кам мебошад.

Стратегия ҳадаф мегузорад, ки то соли 2040 ин нишондиҳандаро ба 34,9 сомонӣ/м³ (3 доллар) боло барорад.

Пас аз 15 сол тамоми аҳолии Тоҷикистон бо оби тоза таъмин мешавад

Имрӯз танҳо 41%-и аҳолии кишвар ба обрасонии мутамарказ дастрасӣ доранд. Дар шаҳрҳо ин нишондиҳанда ба 95% мерасад, вале дар манотиқи деҳот вазъият ба таври назаррас бадтар аст – танҳо 22% аҳолӣ дастрасӣ доранд.

Обпартоӣ низ дар сатҳи паст боқӣ мемонад: 64% дар шаҳрҳо, 10% дар маҳалҳо ва ҳамагӣ 0,1% дар деҳот. Ин ҷо мушкили фарсудагии инфрасохтор ҷой дорад – 32% иншоот дар шаҳрҳо ва то 60% дар манотиқи деҳот барои истифода коршоям нестанд.

Талафи об дар шаҳрҳои бузург то 60% ва дар шаҳрҳои хурд то 20% мерасад, тарифҳои паст ва маблағгузории нокофӣ барои таъмиру навсозии зарурӣ монеъ мешаванд.

Вазъият бо санитарияи бад ва норасоиҳои тоза кардани оби ҷоришаванда ҳам мураккаб аст. Аҳолӣ, бахусус дар манотиқи деҳот, маҷбуранд аз манбаъҳои оби муҳофизатнашуда истифода барад, ки ин ба ифлосшавӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ боис мегардад.

Аммо дар доираи стратегияи миллӣ то соли 2040 беҳбуди вазъият дар миқёси бузург ба нақша гирифта шудааст. Дар назар аст, ки 90% аҳолӣ ба таъминоти об дастрасӣ хоҳад дошт ва дар шаҳру маҳалҳо оби нӯшокӣ мустақиман ба хонаҳо расонида хоҳад шуд.

Талафи об то 20% коҳиш хоҳад ёфт, ки ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мувофиқат мекунад.

Вазъияти марбут ба обпартоҳо ва беҳдошт низ беҳтар хоҳад шуд. То соли 2030 ба 50% аҳолӣ низоми обпарто дастрас хоҳад буд. Ҳоло 59% аҳолӣ аз ҳоҷатхонае, ки ба обу корез (канализатсия)-и марказӣ пайваст нестанд, истифода мебаранд. Дар назар аст, ки то соли 2040 аҳолӣ 100% бо низоми обу корез таъмин карда мешаванд.

Майдони заминҳои обёришаванда ба 814 ҳазор гектар мерасад

Дар давоми 15 соли оянда дар Тоҷикистон 50 ҳазор гектар заминҳои нави обёришаванда мавриди истифода қарор мегиранд, ки барои рушди бахши аграрии кишвар қадами муҳим хоҳад буд. Ҳоло заминҳои обёришаванда қариб 764 ҳазор гектарро ташкил медиҳанд, ки 38% онҳо ба обёрӣ аз пойгоҳҳои обкашӣ ниёз доранд. Бо вуҷуди ин, масоҳати умумии замин барои як нафар ба ҳисоби миёна камтар аз кишварҳои ҳамсоя боқӣ мемонад.

Мушкилоти асосии обёрӣ ба фарсудашавии системаҳо, норасоии маблағгузорӣ, ҳодисаҳои фавқулодда (садамаҳо) дар пойгоҳҳои обкашӣ, эрозия (бодлесӣ)-и заминҳо ва кори сусти иттиҳодияҳои истифодабарандагони об вобаста аст.

Обҳои сатҳӣ ва зеризаминии заминҳо бо сабаби маводи кимиёвии кишоварзӣ, партоби обҳои саноатӣ, пластик ва ҷоришавии обҳо аз партовгоҳҳо олуда мешаванд.

То соли 2040 масоҳати заминҳои обёришаванда ба сатҳи рекордии 814 ҳазор гектар мерасад. Дар ҳамин ҳол, масоҳате, ки бо технологияи сарфакоронаи об истифода мешавад, аз 2,5 ҳазор ба 100 ҳазор гектар зиёд мешавад. Пешравии муҳим дар беҳтар кардани ҳолати беҳдошт (мелиоративӣ)-и низ дар назар аст: нишондиҳандаи заминҳое, ки шароити ғайриқаноатбахш доранд, аз 37 ҳазор то 8 ҳазор гектар кам хоҳад шуд.

Ба коҳиши талафоти об дар низоми обёрӣ – аз 50% то 35% таваҷҷуҳи назаррас зоҳир хоҳад гардид. Ва заминҳое, ки аз гардиш хориҷ шудаанд, ба туфайли ҷорисозии инноватсияҳо то камтарин сатҳ – 1 ҳазор гектар кам мешаванд.

Раванди доимӣ, сармоягузорӣ ба инфрасохтор ва технологияҳои устувор афзоиши маҳсулнокӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои обро таъмин карда, бахши кишоварзии ҷумҳуриро самаранок ва устувор месозанд.

Иқтидори неругоҳҳои барқи обӣ ду баробар зиёд мешавад

Дар соли 2023 иқтидори лоиҳавии неругоҳҳои барқи обии кишвар 5403 МВт-ро ташкил дод, ки ин пурра ба сатҳи мавҷудаи истифодаи захираҳои обӣ барои истеҳсоли неруи барқ мутобиқат мекунад. Аммо барои рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини талаботи рӯзафзуни барқ, дар назар аст, ки то соли 2040 ин нишондиҳанда ба 10 951 МВт расонида шавад.

Иҷрои ин нақша ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки натанҳо истиқлолияти энергетикии худро устувору беҳтар созад, балки мавқеашро дар бозори минтақавии неруи барқ тақвият диҳад. Кишвари дорои имконоти назарраси гидроэнергетикӣ ба рушди инфрасохтор барои истифодаи ҳадди ниҳоии захираҳои барқароршаванда идома медиҳад.

Ин гуна суръати афзоиш дар гидроэнергетика барои рушди саноат, ҷалби сармоягузорӣ ва беҳтар кардани сифати зиндагии аҳолӣ имконоти нав фароҳам оварда, истеҳсоли боэътимод ва устувори барқро таъмин месозад.

Тоҷикистон мушкилоти норасоии обро бо ёрии обанборҳо ҳал мекунад

Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бахусус дар мавсимҳои хушксолӣ камбуди шадиди об эҳсос мешавад. Сабабҳои асосӣ – тақсимоти нобаробари захираҳои об ва инфрасохтори кӯҳна мебошанд. Обанборҳо наметавонанд талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ва иқтисодро қонеъ созанд, низомҳои кӯҳнаи таъминот бо об бошанд, бинобар сабаби фарсудашавӣ миқдори зиёди обро талаф медиҳанд.

Тағйироти иқлим вазъро мушкилтар мекунад. Миқдори боришот коҳиш ёфта, баландшавии ҳарорат обёриро боз ҳам душвортар мегардонад. Ҳалли ин мушкилот тариқи таъмиру навсозии зерсохтор, ҷорисозии низомҳои муосири обёрӣ ва коҳиш додани талафоти об имконпазир аст.

Ба вазъи поёноби дарёҳои Исфара ва Сурхоб таваҷҷуҳи хосса зарур аст. Дар ин минтақаҳо навсозии комплексҳои хоҷагиҳои об ва бунёди обанборҳои хурд хеле муҳим аст. Ин кор ба таъмини бахши кишоварзӣ, саноат ва сокинони маҳаллӣ бо об имкон медиҳад.

Захираҳои оби Тоҷикистон

Ҳоло ҳаҷми умумии обанборҳои Тоҷикистон 15,6 км³-ро ташкил медиҳад. Дар давоми 15 сол қариб ду баробар афзоиш додани он – то 29,2 км³ ба нақша гирифта шудааст. Технологияҳои муосир ва идоракунии самараноки захираҳои обӣ барои мубориза бо камбуди об ва таъмини рушди устувори кишвар роҳи ҳалли калидӣ хоҳанд буд.

Тағйирёбии рақамии соҳаи об – аз 0% то 80% дар зарфи 20 сол

Рақамиисозии бахши об дар Тоҷикистон дар марҳалаи аввал қарор дорад. Ҳоло ҳиссаи рақамисозӣ 0% мебошад, зеро асосан ба таҳияи стратегия ва лоиҳаҳои санҷишӣ таваҷҷуҳ дода мешавад.

Мувофиқи нақша, то соли 2030 аз ҳисоби ҷорисозии низомҳои пайгирӣ (мониторинг), идоракунии захираҳои обӣ ва худкор сохтан (автоатизатсия)-и равандҳо, технологияҳои рақамӣ 50% бахшро фаро хоҳанд гирифт.

То соли 2035 ба туфайли сармоягузорӣ ва рушди технологияҳо, сатҳи рақамисозӣ ба 60% мерасад. Ин имкон медиҳад, ки самаранокии идоракунии захираҳои обӣ афзуда, талафоти об ба ҳадди ақалл кам карда шавад.

Истифодаи пурра аз роҳҳои ҳалли рақамии пешрафта, ҳиссаи рақамисозиро то соли 2040 ба 80% мерасонад. Ин ба идоракунии устувори захираҳои об, коҳиш додани талафот ва беҳтар кардани сифати хидматрасонӣ барои аҳолӣ мусоидат мекунад.

Об сармоягузорӣ талаб мекунад: солона аз куҷо метавон 220 млн доллар дарёфт кард?

Маблағгузорӣ ба соҳаи об аз ҷониби давлат дар сатҳи паст боқӣ монда, эҳтиёҷоти воқеии кишварро қонеъ намекунад. Барои расидан ба рушди устувор ва таъмини обрасонии хушсифат, ҳар сол тақрибан 220 млн доллар сармоягузорӣ лозим аст. Ин миқдор хеле болотар аз сатҳи мавҷудаи маблағҳои ҷалбшуда мебошад.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон, вазъият дар соҳаи беҳдошти замин (мелиоратсия) ва обёрӣ (ирригатсия) нигарониҳои ҷиддӣ ба бор овардааст. Агар дар соли 1990 барои ин бахш 160 млн доллар ҷудо шуда бошад, имрӯз ин рақам то 10 млн доллар поин рафтааст. Барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштан ва таъмиру навсозии зерсохтор ҳамасола на камтар аз 125 млн доллар лозим аст: 75 млн доллар барои истифода ва 50 млн доллар барои таъмири асосӣ.

Мушкилот бо сабаби фарсудашавии инфрасохтори хоҷагиҳои об, мавҷуд набудани сармоягузориҳои хусусӣ ва фоидаовар набудани ташкилотҳои хидматрасон бештар мешаванд. Тарифҳои хидматҳои пешниҳодшуда наметавонанд ҳатто хароҷоти асосиро пӯшонанд, кумакпулиҳо аз ҷониби давлат бошад, кофӣ нестанд. Дар натиҷа сифати хидматрасониҳо паст шуда, вазъияти молиявии ташкилотҳо ноустувор боқӣ мемонад.

Барои амалисозии Стратегияи миллии об, ҳукумати Тоҷикистон афзоиши сармоягузориҳо ҳам аз ҷониби давлат ва бахши хусусиро дар ин самт ба нақша гирифтааст. Рушди шарикии давлату бахши хусусӣ, ҷалби қарзу грантҳои байнулмилалӣ, инчунин такмили низоми тарифу кумакпулиҳо (субсидияҳо) аз ҷумлаи қарорҳои калидӣ дониста мешаванд.

Маблағгузории устувор ба соҳаи об барои таъмиру навсозии зерсохтор ва рушди устувори кишвар замина фароҳам хоҳад овард. Аммо барои ин иштироки фаъолонаи давлат ва шарикони байналмилалӣ лозим аст.

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus