09-уми январи соли 2025. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Усмоналӣ Усмонзода, муовини Сарвазири кишвар, Далер Ҷумъа, вазир, роҳбарият ва намояндагони корхонаю муассисаҳои соҳаи энергетика, захираҳои об ва нафту газ ҷаласаи васеи Ҳайати мушовараи Вазорат оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2024 баргузор гардид.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, ҳисоботи Ҷамшед Шоимзода, муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои об, оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорат ва корхонаю муассисаҳои соҳаи энергетика, захираҳои об ва нафту газ дар соли 2024 шунида шуд.
Сипас, нақша ва вазифаҳо барои семоҳаи якуми соли 2025 мавриди баррасӣ қарор гирфит.
Аз натиҷаи ҷаласа аз ҷониби Ҳайати мушовара қарорҳои дахлдор роҷеъ ба масъалаҳои муҳокимагашта қабул гардид.