НАТИҶАГИРӢ АЗ РУШДИ ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОИИ НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА ДАР СОЛИ 2024

​11-уми январи соли 2025, Роштқалъа. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳияи Роштқалъа дар соли 2024 иштирок намуд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, нахуст ҳисоботи муовини якуми раиси ноҳия оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар соли 2024 шунида шуд.
Вазири энергетика ва захираҳои об зимни суханронии худ иброз дошт, ки яке аз рӯйдодҳои муҳим дар соли 2024 ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия Роштқалъа ва вохӯрӣ бо роҳбарон ва фаъолони ноҳия буд. Зимни ин сафар як қатор иншооти соҳаи иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия ба истифода дода шуда, санги асос барои сохтмони Қасри фарҳанг ва кӯдакистон барои 200 кӯдак гузошта шуд.
Дар идома Далер Ҷумъа вобаста ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ сухан ронда, гуфт, ки «паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бо як диду назари нек ва хусусияти созандагиву бунёдкорӣ ва тавсеа бахшидани тамоми соҳаҳои ҷомеаи кишвар нигаронида мешаванд».
Сипас, бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, иҷрои нишондиҳандаҳои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Роштқалъа барои солҳои 2021-2025 ва дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии муҳими сиёсӣ – интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ вазифаҳои мушаххас муайян карда шуд.