ШИНОСОӢ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ НБО “СЕБЗОР”

10-уми январи соли 2025, Роштқалъа. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Роштқалъа бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии “Себзор” шинос шуд.
Тибқи иттилои масъулин, корҳои сохтмонӣ бо маром идома дошта, ҷиҳати дар муҳлати муқарраршуда, яъне дар соли 2025 пурра ба истифода додани иншоот тамоми имкониятҳо мавҷуда сафарбар гардидааст.
Баъд аз шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ вазири энергетика ва захираҳои об, масъулинро ҷиҳати анҷоми корҳои сохтмонӣ мутобиқ ба меъёрҳои муосир ва дар муҳлати муайяншуда вазифадор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки НБО “Себзор” бо иқтидори 11 МВт дар дарёи Шоҳдара бунёд шуда истода, пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он иқтидори энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 25 дарсад афзоиш меёбад.