Тоҷикистон дар Индекси гузариши энергетикӣ барои соли 2024, ки ҳамасола аз ҷониби Форуми иқтисодии ҷаҳонӣ (World Economic Forum, WEF) нашр мешавад, дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷойи аввалро ишғол намуд. Тоҷикистон дар раддабандӣ миёни 120 иштирокчӣ бо натиҷаи 53,6 хол дар ҷойи 71-ум қарор гирифт.
Ин нишондиҳанда ба Тоҷикистон имкон дод, ки аз ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла Қазоқистон (98-ум ҷой, 50,1 хол) ва Қирғизистон (80-ум ҷой, 52,7 хол) пеш гузарад. Ўзбекистон ва Туркманистон ба ин раддабандӣ ворид нашудаанд.
Индекси гузариши энергетикӣ (Energy Transition Index, ETI) арзёбии маҷмуии низомҳои энергетикии кишварҳои ҷаҳон мебошад, ки ба ду меъёри асосӣ асос ёфтааст: самаранокии низоми энергетикӣ (60%) ва омодагӣ ба гузариш ба модели устувор (40%). Омилҳое, ки ба арзёбии умумӣ таъсир мерасонанд, дастрасии энергия, устуворӣ, сатҳи инноватсияҳо, ҳолати инфрасохтор, инчунин дастгирии сиёсӣ ва фаъолияти сармоягузорӣ дар ин соҳа мебошанд.
Дар раддабандии ҷаҳонӣ чун анъана кишварҳои Аврупо шимолӣ анъанавӣ пешсаф мебошанд: Шветсия бо натиҷаи 78,4 хол ҷойи аввалро ишғол намуда, пас аз он Дания (75,2 хол) ва Финландия (74,5 хол) қарор доранд. Нишондиҳандаи миёнаи ҷаҳонӣ 56,5 холро ташкил медиҳад.