16-уми январи соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки доираи васеи ҳайатҳои ҷонибҳо ҳузур доштанд, иштирок ва суханронӣ намуд.
Вазир зимни суханронии худ аз захираи бузурги гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз дошт, ки кишвари мо ҳамзамон дорои захираҳои бузурги энергияи офтобӣ ва бодӣ буда, он то кунун истифода нашудаанд. Тибқи таҳлилҳо иқтидорҳои аз лиҳози иқтисодӣ асосноки офтобӣ 369 600 МВт ва бодӣ бошад, 4 485 МВт-ро ташкил медиҳад.
– Дар ин росто, иштироки ширкатҳои эронӣ дар самти бунёд ва баҳрабардории неругоҳҳои барқи обии хурду бузург, неругоҳҳои захиракунандаи об, ҳамзамон неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ ба манифати кори ҷонибҳо дониста мешавад, – афзуд вазири энергетика ва захираҳои об.
Ёдовар мешавем, ки Ҳамоиши тиҷорат, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон рӯзи 15 январ бо Муколамаи намояндагони бахши хусусии ҷонибҳо оғоз ёфта буд.