22-юми январи соли 2025, ноҳияи Кӯшониён. – Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва устодони Донишкада ҳамоиш баргузор гардид.
Чорабиниро Исозода Диловаршоҳ, ректори Донишкада, ифтитоҳ намуда, вобаста ба соҳаи маориф, пешбурди иқтисоди рақамӣ дар панҷсолаи оянда ибрози назар карда, афзуд: «Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба самти омодасозии кадрҳои соҳа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дастур доданд, ки дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад. Сарвари давлат барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шаванд».
Дар идомаи чорабинӣ Маҳмуд Мирзоён, мудири бахши котиботи Вазорати энергетика ва захираҳои об дар робита ба вазифаҳое, ки дар паём дар назди кормандони соҳаи энергетика, аз ҷумла аз моҳи майи соли 2027 бартараф намудани норасоии неруи барқ ва расидан истиқлоли комили энергетикӣ, гузошта шуданд, сухан ронд.
Иброз гардид, ки Тоҷикистон дар масири ноил шудан ба истиқлоли комили энергетикӣ қарор дошта, соли 2027 ба ин ҳадафи стратегӣ хоҳад расид. Ин дастоварди бузурги таърихӣ самараи талошҳои ҳадафмандона ва пайгирони Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ хоҳад буд. Дар ин замина, Тоҷикистон метавонад ба як маркази минтақавии истеҳсоли энергияи «сабз» табдил ёбад, ки барои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ бо кишварҳои минтақа имкониятҳои нави рушдро пеш меорад.
Дар фароварди вохӯрӣ миёни иштирокчиён табодуи афкор сурат гирифт.