ИФТИТОҲИ ОЗМОИШГОҲИ СОҲАВИИ ИЛМӢ-ТАЪЛИМИИ «ГИДРАВЛИКАИ ИНШООТ, ГИДРОФИЗИКА, РАВАНДИ МАҶРО, КАНАЛ ВА МАЙДОНҲОИ ОБӢ»

24-уми январи соли 2025, Душанбе. – Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) Озмоишгоҳи соҳавии илмӣ-таълимии «Гидравликаи иншоот, гидрофизика, раванди маҷро, канал ва майдонҳои обӣ»-и факултаи гидромелиоративӣ пас аз навсозӣ ба истифода дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи озмоишгоҳ вазири кишвоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода, муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои об Ҷамшед Шоимзода, роҳбари намояндагии USAID дар Тоҷикистон Ҷон Риордан, намояндагони Вазорати маориф ва илм, роҳбарияти донишгоҳ, устодон ва коршиносони соҳа иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои об Ҷамшед Шоимзода зимни суханронии худ ҳозиринро ба муносибати ифтитоҳи озмоишгоҳ шодбош гуфта, аз ҷумла, иброз дошт: «Соли 2024 дар кишвар Стратегияи миллии оби Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 қабул гардид, ки яке аз бахшҳои муҳими Стратегия, ин таъмини илмию техникӣ ва кадрии соҳаи об ба ҳисоб меравад. Озмоишгоҳи мазкур заминаи мусоид фароҳам меоварад, ки Донишгоҳ кадрҳои соҳибтахассус, лаёқатманд ва ба талабот ҷавобгӯйро омода созад».

Маврид ба зикри хос аст, ки озмоишгоҳи мазкур беш аз сӣ сол инҷониб фаъолият намекард. Пас аз навсозӣ ва ҷиҳозонидан бо техникаҳои нави муосир, барои донишҷӯён, аспирантон ва докторантҳо имконияти мусоиди гузаронидани кори лабораторӣ ва илмӣ-тадқиқотиро дар самтҳои гидротехника, гидравлика, гидрометрия, механика, таъмини оби нӯшокӣ, кишоварзӣ ва мелиоратсия фароҳам оварда, саҳми назаррас дар рушди базаи илмӣ-техникии соҳаи оби Тоҷикистон мегузоранд.