Натиҷаҳои интихоби пешакӣ
Лоиҳа: «Сохмони неругоҳи офтобии хусусӣ бо иқтидори 200 МВт дар вилояти Суғд»
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои интихоби пешакии лоиҳаи «Сохмони неругоҳи офтобии хусусӣ бо иқтидори 200 МВт дар вилояти Суғд»-ро эълон менамояд. Ин марҳила, як қадами муҳим дар роҳи рушди энергияи барқароршаванда дар кишвар ба шумор меравад.
Санаи 19-уми ноябри соли 2024, соати 15:00 дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Комиссия оид ба кушодани дархостҳои тендерии пешазтахассусӣ баргузор гардид, ки зимни он намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва мушвирони лоиҳа ба таври маҷозӣ ширкат доштанд. Бо натиҷаи ҷаласаи баргузоргардида ҳамаи пешниҳодҳои довталабон дар Протоколи ҷаласа сабт карда шуданд.
Дар асоси натиҷаҳои арзёбии ҳамаҷониба аз рӯи талаботҳои зерин: иқтидори техникӣ, устувории молиявӣ, инчунин мутобиқати ҳуқуқӣ ва ташкилӣ, се ширкат барои марҳилаи навбатӣ интихоб карда шуданд:
- ACWA Power (Арабистони Саудӣ)
- EDF (Фаронса)
- Universal Energy Co. Ltd. & TGEM (Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Қарори мазкур дар Протоколи ҷаласаи Комиссия, ки 2-юми январи соли 2025 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, расман сабт карда шудааст.
Ба номзадҳои ба рӯйхати кӯтоҳ воридшуда дархост барои пешниҳодҳо (RFP) мустақиман ирсол карда мешавад. Шаффофият ва равиши рақобатпазир, ки дар ин раванд ворид шудааст, хоҳиши Тоҷикистонро барои интихоби шарикони боэътимод ва соҳибихтисос барои татбиқи ин лоиҳаи муҳим таъкид мекунанд.
Маълумот барои тамос:
————————————————————
RFQ Stage Prequalification Announcement
Project: Construction of a 200-MW Solar Power Plant (SPP) in the Sughd region
The Ministry of Energy and Water Resources of Tajikistan announces the results of the shortlisting phase for the construction of a 200-MW Solar Power Plant (SPP) in the Sughd region. This marks a key milestone in the tender process, aimed at advancing the country’s renewable energy development.
On November 19, 2024, the Tender Committee conducted the SOQ opening at 3:00 PM Dushanbe time. The session, attended by applicants, representatives from the World Bank and IFC, and the Consultant, officially initiated the evaluation phase. The Committee finalized the procedures in a protocol documenting the SOQ submissions.
Through a comprehensive evaluation of technical expertise, financial capacity, and legal and organizational compliance, three applicants were prequalified to advance to the next stage:
- ACWA Power (Saudi Arabia)
- EDF (France)
- Consortium between Universal Energy Co. Ltd. & TGEM (China & Tajikistan)
The decisions are documented in the official Protocol of the meeting held on January 2, 2025.
The shortlisted applicants will receive the Request for Proposal (RFP) directly.
This transparent and competitive process underscores Tajikistan’s commitment to selecting capable partners for this transformative renewable energy project.
Contact Information: