ИШТИРОК ДАР ҶАЛАСАИ РОҲБАРОНИ МАҚОМОТИ ОБИЮ ЭНЕРГЕТИКИИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

27-уми январи соли 2025, Тошкент. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҷаласаи роҳбарони мақомоти обию энергетикии ҷумҳуриҳои Озарбойҷон  Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок ва суханронӣ намуд.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ аз рушди муносибатҳои кишварҳо ёдовар шуда, таъкид намуд: «Дар шароити тағйирёбии глобалии иқлим ва афзоиши талабот ба неруи барқ, ҳамкорӣ дар ин соҳа аҳамияти бештар касб карда, барои мубодилаи таҷриба, муҳокимаи лоиҳаҳои муштарак ва таҳияи стратегияҳое, ки ба идоракунии устувори захираҳои об ва истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ нигаронида шудаанд, имконияти беназир фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ҳавасмандии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохтории соҳаи энергетика, ки ба нафъи тамоми минтақа мебошад, баён менамояд».

Бояд гуфт, ки дар ҷаласа ҳолати кунунӣ, густариши ҳамкориҳо ва муносибатҳои минтақавӣ дар самти обу энергетика мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.