МУЛОҚОТ БО ВАЗИРИ ЭНЕРГЕТИКАИ ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗСТОН

27-уми январи соли 2025, Тошкент. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҳошияи ҷаласаи роҳбарони мақомоти обию энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қирғизстон Таалайбек Ибраев вохӯрӣ намуд.

Дар меҳвари суҳбати ҷонибҳо ҳолати кунунӣ, дурнамои густариши ҳамкориҳои кишварҳо дар соҳаи энергетика, аз ҷумла дар доираи Лоиҳаи минтақвии хати интиқоли барқи CASA-1000 қарор гирифт.

Бо қаноатмандӣ иброз гашт, ки муносибатҳои дуҷониба дар ин соҳаи муҳим густариш ва тавсеа бештар хоҳад ёфт.