БАРРАСИИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ҚАЗОҚИСТОН ДАР СОҲАИ ОБУ ЭНЕРГЕТИКА

27-уми январи соли 2025, Тошкент. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, дар ҳошияи ҷаласаи роҳбарони мақомоти обию энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо муовини вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон Сунгат Есимханов, мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба дар бахши энергетика ва обро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи ҷараёнҳои байнидавлатии интиқоли нерӯи барқ, истифодаи самараноки имкониятҳои техникии мавҷуда, ва роҳҳои баланд бардоштани сатҳи ҳамоҳангсозӣ дар идоракунии ин равандҳо дода шуд.
Ҳамчунин, ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои мавҷуда дар доираи созишномаҳои қаблан баимзорасида, бахусус дар соҳаи тақсимоти захираҳои об ва таъмини истифодаи самараноки он табодули афкор намуданд.
Дар анҷом ҷонибҳо барои густариши муносибатҳои стратегӣ ва амалисозии ташаббусҳои муштарак изҳори омодагӣ карданд.