БА ТАВАҶҶУҲИ НАМОЯНДАГОНИ ВАСОИТИ АХБОРИ ОММА!
30-юми январи соли 2025, соати 11:00 дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (кӯчаи Шамсӣ 5/1) нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорат дар соли 2024 баргузор мегардад.
Аз ҳамаи намояндагони васоити ахбори омма даъват ба амал оварда мешавад, ки барои инъикоси нишасти матбуотӣ иштирок намоянд.
ПРЕСС-РЕЛИЗ
оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024
Дар соли 2024 корхонаю муассисаҳои соҳаҳои марбут ба Вазорати энергетика ва захираҳои об фаъолияташонро дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои барномаҳои соҳавии рушди энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ равона намуда, дар доираи салоҳияту уҳдадориҳои худ ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати ягонаи энергетикӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обии кишвар, аз ҷумла, дар самти бунёд ва таҷдиди иқтидорҳои истеҳсолии энергетикӣ, сохтмон ва таъмири инфрасохтори энергетикӣ, афзоиши имкониятҳои содиротӣ корҳои муайянеро ба анҷом расониданд.
Дар соли 2024, истеҳсоли умумии неруи барқ дар ҷумҳурӣ 22 млрд. 427,7 млн. кВт. соатро ташкил дода, ин нисбат ба соли 2023 дар ҳаҷми 567,2 млн. кВт. соат ё 3 % зиёд буда, нишондиҳандаи дурнамо соли 2024 дар сатҳи 99,6 % иҷро карда шуд. Истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби барқистеҳсолкунандагони мустақили кишвар чунин ба қайд гирифта шуд:
– дар ҶСК «Барқи Тоҷик» 17 млрд. 415 млн. кВт. соат (бе неругоҳҳои хурд), ки ин нисбат ба соли гузашта 941 млн. кВт. соат зиёд буда, суръати афзоиш 105,7 %;
– дар ҶСК «НБО Сангтӯда-1» 2 млрд. 693,4 млн. кВт. соат, ки ин нисбат ба соли гузашта 76,5 млн. кВт. соат зиёд буда, суръати афзоиш 102,9 %;
– дар НБО «Сангтӯда-2» 869,5 млн. кВт. соат, ки ин нисбат ба соли гузашта 36,6 млн. кВт. соат кам буда, суръати афзоиш 96%,
– дар ҶСК «Помир Энерҷӣ» 214,1 млн. кВт. соат, ки ин нисбат ба соли гузашта 8,3 млн. кВт. соат зиёд буда, суръати афзоиш 104%;
– дар ҶСК «НБО Роғун» 1 млрд. 219,7 млн. кВт. соат, ки ин нисбат ба соли гузашта – 424,8 млн. кВт. соат кам буда, суръати афзоиш 74,2 %;
– дар неругоҳҳои хурди ҷумҳурӣ 16 млн. кВт. соат, ки нисбат ба соли гузашта 2,6 млн. кВт. соат кам буда, суръати афзоиш ба 80,6 % – ро ташкил дод.
Ҳаҷми истеҳсоли неруи гармӣ дар соли 2024 ба 1 млн. 302,4 ҳазор Гкал баробар шуда, ин нисбат ба соли 2023 дар ҳаҷми 359,2 ҳазор Гкал бештар мебошад.
Ҳаҷми умумии содироти неруи барқ дар соли 2024 ба 2 млрд. 478,3 млн. кВт. соат ё 906,8 млн. сомонӣ баробар гардид (аз он ҷумла 5 млн. кВт соат ё 2 млн. сомонӣ аз ҳисоби ҶСК «Помир Энерҷӣ»), ки ин нисбат ба соли гузашта 203,8 млн. кВт. соат ё 7,8 % кам мебошад. Неруи барқ, асосан, ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳаҷми 1 млрд. 530,4 млн. кВт. соат ба маблағи 705,2 млн. сомонӣ, ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 943,9 млн. кВт. соат ба маблағи 201,2 млн. ба Ҷумҳурии Қирғизистон 4 млн. кВт. соат ба маблағи 428,7 ҳазор сомонӣ содирот карда шуд.
Дар умум, талафоти неруи барқ дар системаи энергетикӣ ба 4 млрд. 479,7 млн. кВт. соат ё 20% (бе назардошти воридот) баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 163,2 млн. кВт. соат ё 1,2 % кам мебошад.
Ҷамъоварии умумӣ аз бозори дохилӣ 91,2 % ё 4 млрд. 883 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2023 (96,4 %) 740,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Ҷамъоварӣ аз ҳисоби аҳолӣ 1 млрд. 773 млн. сомонӣ ё 96 % иҷро гардид, ки нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 312,1 млн. сомонӣ ё 21,4% зиёд гардидааст.
Ба ҳолати 31-уми декабри соли 2024 маблағи қарзи дебитории неруи барқ бо назардошти қарзҳои солҳои пешин 4 млрд. 130,1 млн. сомонӣ, аз ҷумла, аҳолӣ 1 млрд. 739,4 млн. сомонӣ, ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» 571,6 млн. сомонӣ, корхонаю хоҷагиҳои кишоварзӣ 227,2 млн. сомонӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ 189,6 млн. сомонӣ ва дигар корхонаҳо 1 млрд. 402,3 млн. сомониро ташкил дод.
Дар соли 2024 корҳо дар доираи 11 лоиҳаи давлатии сармоягузории соҳаи энергетика, аз ҷумла лоиҳаи «Таҷдиди неругоҳи барқи обии Сарбанд», лоиҳаи «Ҷорӣ намудани системаи ҳисоби яклухти интиқоли неруи барқ ва беҳдошти шабакаҳои интиқоли барқ», «Таҷдиди неругоҳи барқи обии Қайроққум», «Лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи CASA-1000», «Марҳилаи якуми таҷдиди НБО Норак», «Барномаи солимгардонии вазъи молиявии ширкати энергетикӣ», «CASA-1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа», «Электрофикатсияи деҳот», «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии ягонаи Осиёи Марказӣ», «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон» (шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар), «Лоиҳаи рушди соҳаи энергетика» (Кам намудани талафоти неруи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара) идома дода шуд.
Дар доираи лоиҳаҳои зикршуда дар ҳаҷми 1 602 млн. доллари ИМА маблағ ҷалб карда шудааст.
Илова бар ин, татбиқи 7 лоиҳаи дигар дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла лоиҳаи сохтмони «НБО Себзор», лоиҳаи «Электрофикатсияи деҳот» (қисмати ВМКБ), «Лоиҳаи байнисарҳадии Шуғнон VI ё бунёди хати интиқоли барқи 110 кВ Хоруғ-Шуғнон»-марҳилаи 1, «Лоиҳаи байнисарҳадии Шуғнон VI ё бунёди хати интиқоли барқи 110 кВ Хоруғ-Шуғнон» марҳилаи 2, «Лоиҳаи самаранокии неруи барқ ва энергияи барқароршаванда» ё худ сохтмони зеристгоҳи 110/35/10 кВ Вамар, асосноккунии техникии неругоҳи Чарсем ва сохтмони 10 км хати интиқоли барқи 35 кВ Нулванд-Зигар, Бунёди неругоҳи офтобӣ бо тавоноии 3 МВт дар ноҳияи Шуғнон, лоиҳаи васеъкунии неругоҳи 800 кВт офтобӣ дар Мурғоб бо иқтидори иловагии 400 кВт ва лоиҳаи «Энергияи хусусии Помир, марҳилаи 3» бо маблағи умумии 133 млн. доллари ИМА идома дода шуданд.
Соҳаи нафту газ. Дар соли 2024 истихроҷи нафт 16 136,9 тонна ва гази табиӣ бошад, 362,4 ҳаз. м3-ро ташкил дод.
Дар давраи ҳисоботӣ воридоти гази табиӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 млн. м3-ро ташкил додааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 47,1 млн. м3 ё 21,4 % зиёд мебошад.
Дар соли 2024 аз ҳисоби соҳибкорон ва ҷамъиятҳои ватанӣ маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ аз ҳамаи давлатҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 млн. 541,3 ҳазор тонна ворид гардидааст, ки нисбат ба соли 2023, дар ҳаҷми 128,8 ҳазор тонна ё 9,1% зиёд мебошад.
Соҳаи захираҳои об. Соли 2024 дар шаҳри Душанбе Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид.
Бо мақсади ташвиқу тарғиби ташаббусҳои глобалии кишвар вобаста ба обу иқлим намояндагони Вазорат дар Ҳафтаи ҷаҳонии об (25-30-юми август, Стокголм, Шоҳигарии Шветсия) иштирок намуда, ҷиҳати ташвиқу тарғиби натиҷаҳои Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва таҷрибаи пешқадами Тоҷикистон дар идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об Гӯшаи намоишӣ ташкил кард.
Инчунин, дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР 29), ки моҳи ноябр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид, Вазорати энергетика ва захираҳои об дар ҳамкорӣ бо созмону ташкилотҳои мухталиф Павилиони обро ташкил намуда, дар он чорабиниҳои канорӣ вобаста ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, захираҳои об ва энергетика, офатҳои табиии марбут ба об, рушди ҳамкориҳо дар соҳаи идоракунии захираҳои об, рушди гидроэнергетика ва дигар мавзуъҳои вобаста ба обу иқлимро ташкил ва дар сатҳи баланд баргузор намуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар маросими кушодашавии Павилиони об Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Яке аз дастовардҳои назарраси Вазорат дар соли 2024 ин қабул гардидани Стратегияи миллии оби Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми ноябри соли 2024, № 627 мебошад, ки дар он самтҳои стратегии идоракунии дарозмуддат ва ҳамгироёнаи захираҳои об ва нишондиҳандаҳои соҳаи об, ки ба онҳо Тоҷикистон бояд то соли 2040 ноил гардад, муайян карда шудаанд.
Дар соли 2024 аз ҷониби ташкилоту идораҳои марбут ба истифодаи об аз сарчашмаҳои гуногуни обгирӣ зиёда аз 10 075,9 млн. м3 гирифта шудааст, ки истифодаи ҳақиқии он бе талафот 8 130,4 млн. м3-ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, 4 578,3 млн. м3 ба мақсади обёрӣ, 171 млн. м3 бо мақсади таъмини оби ошомиданӣ ба аҳолӣ, 1,2 млн. м3 бо мақсади обтаъминкунии деҳот, 58,9 млн. м3 бо мақсади моҳипарварӣ, 2 338,9 млн. м3 бо мақсади истифода дар НБО-ҳо ва хизматрасони корезӣ, ва 982,3 млн. м3 дар дигар соҳаҳо об истифода намудаанд.