ГУЗОРИШ АЗ ҶАЛАСАИ 88-УМИ КОМИССИЯИ БАЙНИДАВЛАТИИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ХОҶАГИИ ОБИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

29-уми январи соли 2024, Душанбе. – Дар меҳмонхонаи «Ҳилтон»  Ҷаласаи 88-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ (МКВК) баргузор гардид. Дар кори он вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, аъзоёни МКВК вазири захираҳои об ва обёрии Қазоқистон Нуржан Нуржигитов, вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев, раиси Кумитаи давлатии хоҷагии оби Туркманистон Дурди Генҷийев ва муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода иштирок намуданд.

Вазири энергетика ва захираҳои об дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ тайи солҳои зиёд аст, ки нақши марказиро дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи захираҳои об касб намудааст. Ин ягона ниҳоди байнидавлатӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки бо қарори Сарони давлатҳо таъсис ёфта, барои қабули қарорҳои ҳатмӣ оид ба тақсимот ва истифодаи об ваколатдор гардидааст.

– Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ ҳамеша ба масъалаҳои ҳамкориҳои об авлавият медиҳад. Аз ин рӯ, вазифаи асосии мо ҳифз ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ ба манфиати тамоми халқҳои минтақа мебошад. Ин ҳадаф танҳо тавассути муколамаи созанда, ки бар асоси эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ бунёд меёбад, имконпазир аст, – таъкид кард вазир.

Ҳамзамон, аз иштирокдорон ҷиҳати ширкат дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи май дар назар аст, даъват ба амал овард.

Вохӯрӣ дар фазои дустӣ ва ҳусни ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, масъалаҳои марбут ба натиҷаҳои обгирӣ, реҷаи кории силсилаобанборҳо дар давраи байнинашъунамои солҳои 2024-2025 дар ҳавзаҳои дарёҳои Сир ва Аму, иҷрои пешниҳодҳо ва ташаббусҳои Саварони давлатҳои таъсисдиҳандаи Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) ва дигар масъалаҳои марбут ба он баррасӣ гардиданд.

Дар фароварди нишаст Протоколи Ҷаласаи 88-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ ба имзо расонида шуд.